Даври навбатии бозиҳои лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор мегардад
Федератсияи футболи Тоҷикистон замони баргузории бозиҳои даври 14-уми мусобиқаи Лигаи олии Тоҷикистонро муайян намуд, ки панҷ бозии ин давр рӯзи 31-уми август ва як бозии дигар рӯзи 1-уми сентябр баргузор хоҳад шуд.
Тими «Истиқлол» бо дастаи «Истаравшан» дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии пойтахт қувваозмоӣ мекунанд.«Парвоз»-и (Бобоҷон Ғафуров) бо ССКА «Помир»-и (Душанбе) дар варзишгоҳи «Фурудгоҳ»-и Бобоҷон Ғафуров вориди сабқат мешаванд. Бозии дастаҳои «Хайр»-и (Ваҳдат) - «Зарафшон»-и (Панҷакент) дар варзишгоҳи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат баргузор мегардад.
Дастаҳои «Энергетик»-и (Душанбе) бо «Регар-ТадАз»-и (Турсунзода) дар варзишгоҳи «Авиатор»-и пойтахт сабқат мекунанд.
Ҳамчунин, «Равшан»-и (Кӯлоб) бо «Хуҷанд»-и (Хуҷанд) дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб қувва мозмоянд.Рӯзи 1-уми сентябр бошад, дастаҳои «Гвардия»-и (Душанбе) бо «Вахш» (Қӯрғонтеппа) дар варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиа бозӣ хоҳанд кард.