Як хоҷагӣ дар Суғд нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахтаро иҷро кард
Хоҷагии деҳқонии «Зафар»-и ноҳияи Зафаробод унвонии райиси вилоят дар ин бора барқия ирсол доштааст.
Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии Озодагон, райиси ин хоҷагӣ- Қурбоналӣ Суннатуллоев дар номааш ба Қоҳир Расулзода навиштааст: «Ба шумо мужда мерасонам, ки заркорони шарафманди хоҷагии деҳқонии «Зафар»-и ноҳияи Зафаробод санаи 28 августи соли 2012 бо сарбаландцӣ ба марраи мурод расиданд. Мо ӯҳдадор шуда будем, ки аз майдони 50 гектар 90 тонна «тиллои сафед» супорем. Дар асл хирмани деҳқонони хоҷагӣ 120 тонна , яъне аз ҳар гектар 24 сентнериро ташкил намуд. Имконият ва ҳосили мавҷударо ба ҳисоб гирифта, боз 80 тонна пахта ҷамъоварӣ менамоем».
Гуфтанист, кишоварзони ин минтақа хирмани хоҷагиро ба 200 тонна ва ҳосилнокиро аз ҳар гектар ба 40 сентнерӣ расониданианд.