Шуғнон: Модару духтар ба қаъри дарё рафтанд
Тоҷигул Мирзоева ва духтараш Рӯзигул аснои убур аз болои пули вайрона ба ҳалокат расиданд.
Дар ин бора ба «Озодагон» аз кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ иттилоъ доданд.Бино ба қавли сарчашма,рӯзи чоршанбеи ҳафтаи равон, тахминан соати 14-30 дақиқа сокинони деҳаи Басеми ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон Тоҷигул Мирзоеваи 44-сола ва духтараш Рузигул Мамадтоеваи 18-сола ҳангоми гузаштан аз болои кӯпруки худсози дарёчаи Шохдара ба дарё афтида, ҷони худро аз даст додаанд.Ҷасади ҳар дуи онҳо пас аз чанд соати ғарқшавӣ дарёфт гардида, ба соҳибонашон супорида шуд.