Ҷавонони тоҷикистонӣ бо коммунистони ҷавони чинӣ мулоқот карданд
Дар шаҳри Пекин ва ноҳияи Мухтори Уйғурии Синзяни Хитой Форуми ҷавонони кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) доир гардид.
Тавре аз дафтари матбуоти Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, чорабинии мазкур аз 16 то 25-уми августи соли равон бо иштироки 100 нафар намояндагони ҷавонони 5 кишвари аъзои СҲШ Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Хитой сурат пазируфт. Тоҷикистонро дар форум ҳайати 20 нафара таҳти сарварии муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Мавсума Муинова муаррифӣ намуданд.
Дар асоси барномаи таҳрезигардида машваратҳо, мулоқоту вохӯриҳо, муаррифии фаъолияти мақомотҳои кор бо ҷавонон ва васоити ахбори оммаи давлатҳои ширкаткунанда баргузор гардиданд. Инчунин дар доираи чорабиниҳо мулоқотҳои роҳбарони ҳайати кишварҳои аъзои СҲШ бо муовини раиси Федератсияи умумичинии ҷавонон, раиси ҳукумати Ноҳияи Мухтори Уйғурии Синзян ва муовини котиби генералии Иттифоқи коммунистии ҷавонони ҷумҳурии халқии Хитой доир гардиданд.