«Тсеll» соҳиби бинои нав шуд. Дар маркази Душанбе
«Тоҷсохтмон-байналмилал» дар ҳаҷми 12 миллион доллари амрикоӣ сохтмони бинои ширкати мобилии «Tcell»-ро дар пойтахт ба анҷом расонид.
Ин бино имрӯз дар пойтахти кишвар мавриди истифода қарор гирифт. Зайд Саидов, сарвари ширкати «Тоҷсохтмон-байналмилал» дар сӯҳбат ба хабаргузории Озодагон гуфт, ин бино давоми беш аз 2 сол мутобиқ ба стандартҳои аврупоӣ бунёд гардид «Биноро дар асоси супориши масъулини ширкати «Tcell» сохтем. Лоиҳаи бинои мазкурро мо бо институти лоиҳакашии шаҳри Душанбе тартиб додем ва худи фармоишгар маъқул донист».
Маврид ба тазаккур аст, ки ин иншоот аз 12 ошиёна иборат буда, дорои шароити хуби корӣ ва бо таҷҳизоту технологияи муосир таъмин аст. Мансур Ҳамидов, директори генералии «Tcell» дар маросим кушодашавии бинои мазкур иброз дошт, ки онҳо хурсанданд, ки чунин биноҳо дар Тоҷикистон сохта мешаванд. Номбурда илова намуд, ки чунин биноҳо барои пешрафти бахши телекоммуникатсия дар Тоҷикистон муфид мебошад: «Бо ин қаноат накарда, оянда ҳам барои рушди инфрасохтори коммуникатсия иқдом хоҳем кард».
Ҳамчунин, Зайд Саидов мегӯяд, ки феълан ширкати онҳо аз рӯи якчанд лоиҳаҳои сохтмонӣ, сохтмони биноҳои маскунӣ ва барои ширкати «Қатар-Диёр» кор карда истодаанд, ки ба наздики сохмони онҳоро низ ба анҷом хоҳанд расонид.