Юрий Буданов, собиқ сарҳанги Артиши Русия дар шаҳри Маскав парронда шуд. Бино ба хабари «РИА Новости» ин ҳодиса дар хиёбони Комсомол ба вуқӯъ пайвастааст.
Қаблан гуфта мешуд, сарҳанг дар манзили №38, баъд аз зӯҳри имрӯз дар пайи зарби як тири таппонча дар сараш ба ҳалокат расидааст. Нафаре, ки полковникро паррондааст ба сабукрави тамғаи Mitsubishi Lancer нишаста аз ҷои ҳодиса фирор кардааст.
Маврид ба ёдоварист, ин ҳамон Юрий Буданов аст, ки соли 2003 бо иттиҳоми рабудан, таҷовуз ба номус ва қатли духтараки 18 солаи чечен Элза Кунгаева ба 10 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуда буд. Баъдтар, мақомоти интизомии Русия ӯро шартан пеш аз мӯҳлат аз зиндон раҳо карданд.{jathumbnail off}