Танҳо 12 фоизи сокинони навоҳии Тоҷикистон бо ташноб таъминанд
Бонки ҷаҳонӣ охири ҳафтаи гузашта барои беҳтар кардани дастрасии 200 ҳазор сокини вилояти Хатлон ба оби ошомиданӣ ва дигар хизматрасониҳои коммуналӣ наздики 12 миллион доллари дигар ҷудо намудаст.
Созишномаи дахлдорро дар ин бора намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Марша Олива ва Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон имзо намуданд.
Масъулини Бонки миллӣ шумораи лоиҳаҳои татбиқшавандаашонро дар Тоҷикистон 14 адад арзёбӣ карда, маблағи умумии онҳоро 225 миллион доллари амрикоӣ баҳо медиҳанд. Қисмати асосии ин маблағҳо-35 фоиз ба бахши энергетикаю таъминоти об равона гардидаанд.
Гуфтанист, аз ин ба хоҷагии қишлоқ-31 фоиз, рушди инсон-30 фоиз ва 4 фоизи боқимонда ба сиёсати иқтисодию бахши давлатӣ равона гардидаанд. Ба иттилои намояндагони КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» айни ҳол ҳамагӣ 48,6 фоизи мардуми Тоҷикистон бо оби ошомиданӣ ва 12 фоиз бо оби ташноб таъмин асту халос.