Кохи Қаззофӣ маркази фарҳангӣ -ҳунарии Либӣ мешавад
“Боб-ул-азизия”маҳалли ҳукмронии Муаммар Қаззофӣ, сарвари пешини Либӣ қарор аст ба бузургтарин маркази фарҳангӣ ҳунарии Троблус, пойтахти Либӣ таб-дил шавад.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”-и Эрон Абдураҳим Ал-Кайб, нахуствазири давлати интиқолии Либӣ бо эъломи ин хабар гуфтааст, ки корҳои харобкунӣ ва азнавбарқароркунӣ дар ин маҳал оғоз шудааст ва ба маҳзи аз байн рафтани деворҳои минтақа дар ин ҷо боғҳо, синамо-театр ва хонаҳои фарҳанг сохта шаванд.
Гуфта мешавад, ки дар ин маҳал ҳамчунин мавзеъе барои ёди шаҳидони Инқилоби Либӣ таъсис мешавад.