Алии Лориҷонӣ дар ҷараёни сафари худ ба Индонезия ва дар мулоқот бо ҷамъе аз донишҷӯёни мусулмони ин кишвар ҳамчунин изҳор дошт: Имом Хумайнӣ дар ибтидои пирўзии Инқилоб рўшан карданд, ки Эрон бо ҳама кишварҳои исломӣ бояд иртиботи наздик дошта бошад, то дасисаҳои душманон ваҳдати мусулмононро халалдор насозад.
Раиси маҷлиси шӯрои исломии Эрон дар мавриди барномаи ғанисозии ураниюми ин кишвар гуфт, энергияи сулҳомези ҳастаӣ, ки Эрон ба он даст ёфтааст, дарвоқеъ ба ҳамаи мусулмонони ҷаҳон тааллуқ дорад. Эрон ҳамаи кишварҳои исломиро бародари худ медонад ва агар алайҳи онҳо Амрико ва сионистҳо бихоҳанд рафтори хушунатомез нишон диҳад, ҳатман бархӯрди шадид мекунад.{jathumbnail off}