Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд аз пардохти ҳаққи оби нагирифта саркашӣ намоянд
Масъулини Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон мегӯянд, тибқи моддаи 6-и қонун «Дар бораи ҳуқуқи истеъмолгарон», шаҳрванд танҳо ҳаққи молу хизматрасониҳо, аз ҷумла оберо мепардозад, ки воқеан гирифтааст.
Ба иттилои манбаъ, нагирифтани обро бояд худи истифодабарандагони об исбот намоянд. «Одатан аз ошёнаи сеюм болотар мардуми шаҳр об намегиранд. Дар ин ҳолат, истиқоматкунандаҳо бояд ҷамъ шуда, як санад тартиб диҳанд, ки аз санаи фалон об надоранд ва имзо намуда, ба корхонаи «Обу коррезии шаҳри Душанбе» равон намоянд. Ин ҳуҷҷат далели истеъмолгарон хоҳад шуд, ки воқеан об нагирифтаанд»,-афзуд манбаъ.
Дар мавриди он ки баъзе шаҳрвандонро қарздор гуфта, аз онҳо барои 5 ё 6 соли охир ҳаққи обро ситонданӣ мешаванд, масъулини Иттифоқи истеъмолгарон мегӯянд, тибқи қонунгузории Тоҷикистон мӯҳлати даъво 3 сол аст ва тибқи моддаи 221-и Кодекси гражданӣ бояд дар тайи се сол хизматрасонанда қарзашро талаб намуда, рӯёнад. Пас аз ин ҳаққи даъво кардан надорад.
Дар сурати танҳо шабона омадани об, масъулини Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон, мегӯянд, бояд танҳо нисфи маблағ пардохт шавад. Дар сурати якдигарнофаҳмӣ дар мавриди ҳаҷми оби истифодашуда, шаҳрвандон ҳақ доранд, насби ҳисобкунакҳои обиро тақозо намоянд.
Масъулини Иттифоқи истеъмолгарон мегӯянд, насби дастгоҳҳои ҳисобкунӣ, ӯҳдадории ниҳоди хизматрасон аст.