1 миллиону 280 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарар. Дар шаш моҳ
Масъулини Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнати Тоҷикистон мегӯянд, дар кишвар кам нестанд ҳолатҳое, ки корфармо аз пардохти ҳаққи корманди дар кор фавтида мегурезанд.
Тибқи иттилои манбаъ, танҳо дар нимсолаи аввал баъди дахолати кормандони Хадамоти давлатии назорат ба оила ва ашхоси ғайриқобили фавтидагон ба маблағи 1 миллиону 280 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарар аз ҷониби корфармоён пардохт гардидаст. Намояндагони Хадамот изҳор медоранд, ки дар натиҷаи 212 санҷиш оид ба масъалаҳои нафақа ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ 511 ҳолати қонунвайронкуниро ошкор карда, қарорҳои дахлдорро қабул намудаанд.
Дар Тоҷикистон мувофиқи моддаи 31-и қонуни ҶТ «Дар бораи муҳофизати меҳнат» ҳангоми фавти корманд дар истеҳсолот, ташкилот ӯҳдадор мешавад, ки ба оилаи ӯ 120 маоши миёна кӯмакпулии яквақта ва то ба балоғат расидани фарзандонаш ҳар моҳ маблағи муайянро пардохт намояд. Ҳамзамон, корфармо ӯҳдадор аст, аз ҳолатҳои нохуш дар ҷойҳои истеҳсолӣ ниҳодҳои дахлдорро огоҳ кунад.
Тибқи иттилои Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати Тоҷикистон ҳодисаҳои нохуш дар ҷои кор, ки боиси марги корманд гардидаанд, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта се маротиба афзоиш ёфтаанд. Аз моҳи январ то июн дар истеҳсолот 9 ҳодисаи нохуш рӯй додаанд, ки дар пайи онҳо 11 нафар ҳалок гардида, 3 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд.