ҲУСДТ: «Мухолифи хушунат ва хунрезием, ҷонибдори оромии Тоҷикистон ҳастем»
Дар ин бора зимни пахши як баёния аз сӯи Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон омадааст.
Шӯҳрат Қудратов, ҳамраиси ҲУСД аснои ташреҳи ин хабар ба Озодагон гуфт, ин тасмим пас аз анҷоми ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҳизб аз сар гирифта шуд. Ба қавли ӯ, имрӯз (24-уми август) ин санад ба тасвиб расида, дар он гуфта шудааст, ки ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст, ки дар робита бо рӯйдодҳои Хоруғ гузориш бидиҳад.
Ҳамзамон, дар санадаи мазкури ҲУСДТ омадааст, ки ҳама дастуру қарор ва амру фармонҳои ҳукумат дар робита ба ҳаводиси ахири вилояти Бадахшон бояд барои ҷомеаи кишвар дар ихтиёри ҷамъият гузошта шавад: «Инчунин аз президенти кишвар-Эмомалӣ Раҳмон даъват карда мешавад, ки тавассути телевизион баромад карда, мавқеи худро дар иртибот ба "нақзи саросарии қавонин ва Қонуни асосӣ дар қаламрави кишвар ва бахусус ВМКБ" муайян намояд».
Дар идомаи баёнияи шӯрои ҲУСДТ омадааст, ки ҳаводиси ахири Хоруғ ва ахиран кушта шудани Имомназар Имомназаров, яке аз раҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳи Бадахшон ва аз чеҳраҳои матраҳ дар ҳодисаҳои Хоруғро намояндагиҳои аҳзоби сиёсии кишвар дар шаҳри Кӯлоб ҳам интиқод карданд: «Дар ҳодисаҳои ахири Бадахшон дасти бадхоҳони миллати тоҷик мушоҳида мешавад. Маълум аст, ки ин афроди бадхоҳ сулҳу субот ва оромии Тоҷикистонро намехоҳанд. Танҳо тасмимҳои дурусту ватандӯстонаи мардуми Бадахшон метавонад ин нақшаи онҳоро барбод диҳад", - гуфта шудааст дар муроҷиатнома.
Ҳизбҳои сиёсӣ дар поёни муроҷиатномаи худ таъкид мекунанд, ки мухолифи хушунат ва хунрезӣ дар кишвар буда, тарафдори оромиву якпорчагии Тоҷикистон ҳастанд.