«Тоҷикхориҷакор» шаҳрвандонро дар Русия ба кор таъмин карданист
Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикхориҷакор»-и Хадамоти муҳоҷирати кишвар омодааст шаҳрвандони Тоҷикистонро барои сафарбар намудан ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Русия фиристад.
Тавре аз Хадамоти муҳоҷрат ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, корхонаи мазкур шаҳрвандонро аз рӯи ихтисосҳои гунгун, аз қабили устои хиштчин, андовагар, кафшергари барқию газӣ, бетончӣ, бофанда ва ресанда дар шаҳри Москва, вилояти Москва метавонда ба кор таъмин намояд: « Маош вобаста аз ҳаҷми кори иҷрошуда. Ҷойи хоб, иҷозатномаи корӣ ва бақайдгирӣ аз ҳисоби корфармо». Хоҳишмандон метавонанд бо телефонҳои зерин:225-05-75;225-07-89; 917459040, 915-08-30-30 тамос гиранд.