Тибқи иттилои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон ҳаҷми маҳсулоти кишоварзие, ки таи моҳҳои январ июли соли ҷорӣ дар кишвар истеҳсол шудаанд наздики 6 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Ба иттилои манбаъ ин рақам истеҳсоли маҳсулотро дар ҳамаи намуди хоҷагиҳо фаро гирифта нисбати нишондоди ҳамин давраи соли гузашта 8,5 фоиз зиёд аст. Нисбат ба моҳҳои январ – июли соли гузашта имсол истеҳсоли ғалладонагиҳо 8 фоиз, картошка 11 ва сабзавот 6,4 фоиз бештар шудаст.
Ба ҳисоби тонна масъулини омор истеҳсоли ғалладонагиҳоро 706,5 ҳазор тонна, картошка 283 ҳазор тонна ва сабзавотро 512 ҳазор тонна арзёбӣ мекунанд. Ғалладонагиҳо ва махсусан гандум озуқаи асосии мардуми Тоҷикистон маҳсуб ёфта ба ҳисоби Барномаи озуқа ва кишоварзии СММ 60 фоизи колорияи рӯзонаи тоҷикистониёнро маҳсулоти гандумӣ ташкил медиҳанд.
Нархи гандум ахиран дар бозори ҷаҳонӣ рӯй ба қимматӣ ниҳодаст. Дар худи Тоҷикистон ҳам таи як моҳи охир нархи орду гандум ҳудуди 50 фоиз боло рафт. Дар Қазоқистон, ки таъминкунандаи асосии Тоҷикистон бо орду гандум аст, тибқи пешгӯиҳои нав ҳосил аз ҳаҷми интизорӣ ду миллион тонна камтар мешавад.
Дар худи Тоҷикистон намояндагони Вазорати кишоварзӣ майдони кишти ғаллдонагиҳоро 300 ҳазор гектар арзёбӣ мекунанд, ки бештар аз 200 ҳазорашро гандум ташкил медиҳад.