Унвони профессорӣ ба президенти Тоҷикистон. Дар Ашқобод
Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз Донишкадаи давлатии иқтисод ва идораи Туркманистон ба унвони профессори фахрии ин муассисаи бонуфузи таълимӣ сарфарз гардонида шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии президент, ӯро бо ин унвони баланд, барои саҳми намоёну арзандааш дар рушди робитаҳои илмию маърифатӣ ва фарҳангӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон сарфароз гардонидаанд. Қарор дар ин бора бо пешниҳоди Шӯрои илмии донишкада аз ҷониби Кумитаи давлатии аттестатсионии Туркманистон қабул шудааст.
Маврид ба ёдоварист, президенти Тоҷикистон дирӯз (22-юми август) ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Туркманистон сафар кард ва имрӯз бо як қатор масъулини баландпояи ин кишвар, аз ҷумла бо президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот намуд.