Боздошти ғоратгари нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ
Дар Душанбе шахсеро боздошт карданд, ки аз ашхоси алоҳида бензин гирифта маблағашро намедодааст. Тибқи иттилои вазорати корҳои дохила Анӯшервон Нарзуллоев, аз нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, воқеъ дар гардиши деҳаи Бағалаки ноҳияи Ҳисор бо тариқи зӯроварӣ 120 литр бензинро гирифта, ба мошинаш, ки тамғаи автомашинаи «Митсубиси» аст, мерезад ва аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад.
Маблағи умумии пардохтнакардаи ӯ 734 сомониро ташкил дод.Ба ҳамин монанд, рӯзи 8-уми июн номбурда аз фурӯшгоҳи сӯзишвории гардиши Ҳисор-Турсунзода 142 литр бензин гирифта, маблағи онро дар ҳаҷми 860 сомонӣ насупоридааст. Аснои баргузории як амалиёти вижаи кормандони милиса, шаҳрванд Анӯшервон Нарзуллоеви 25-сола, сокини шаҳри Душанбе, маҳаллаи Зарафшон, хонаи 16, ҳуҷраи 6 дастгир гардид, ки дар ҳеч куҷо кор намекардааст. Дар қиболи ӯ парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ гардида тафтишот идома дорад.