Сафирони кишварҳои хориҷии муқими Тошканд ба шимоли Тоҷикистон ташриф меоранд
25 ва 26-уми август сафирон кишварҳои хориҷии муқими шаҳри Тошканди Ӯзбакистон дар ҳайати 41 нафар ба вилояти Суғд ташриф меоранд.
Ба ҳайати меҳмонон сафирони фавқулодда ва мухтори давлатҳои ИМА, Қазоқистон, Қувайт, Арабистони Саудӣ, Покистон, Бангладеш, Булғористон дар Ӯзбекистон, сафирони фавқулодда ва мухтори давлатҳои Гурҷистон, Лаҳистон, Чехия, Куриё, Малайзия дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, кордорони сафорати Мамлакати Ҳошимии Ӯрдун, кордори сафорати Уммон дар Ӯзбакистон шомиланд.
Тибқи барномаи сафар боздиди меҳмонон аз корхонаи ресандагии «Олим-Текстайлз», корхонаҳои муштараки «Ҷавонӣ», «САТН», ҷамъияти саҳҳомии «Қолинҳои Қайроққум», шиносоӣ бо «Боғи миллии Ваҳдат», майдони Исмоили Сомонӣ, муассисаи давлатии «Ҳавзи шиноварӣ», варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолият» ва КВДК «Кохи матбуот», минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», осорхонаи вилоятии таърихӣ - кишваршиносӣ, инчунин бозори Панҷшанбеи Хуҷанд дар назар аст. Ҳайати меҳмонон дар осоишгоҳи «Баҳористон»-и шаҳри Қайроққум истироҳат хоҳанд кард.
Дар ин бора ба хабарнигори маҳаллии Озодагон аз Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.