Оташсӯзӣ дар дохили автомашина боиси марги як нафар шуд
Бар асари сӯхтори як сабукрав дар ҳудуди кӯчаи Саъдии Шерозии шаҳри Истаравшан ронанда ҷони худро аз даст дод.
Тавре аз дафтари матбуотии ВКД ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, ин ҳодиса рӯзи 22-уми август, тахминан соати 14:50 ба амал омадааст.
Бино ба маълумоти манбаъ, Ғайбулло Ёдгорови 60 сола, сокини кӯчаи Раҳими шаҳри Истаравшан сабукрави тамғаи «ВАЗ-2107»-ро идора мекардааст. Дар пайи хориҷ шудани гази моеъ автомашина оташ мегирад. Ронанда имкони аз мошин берун кардани худро наёфта ба ҳалокат мерасад.