Ҷашнвораи давлатии «Рӯзи Русия» шурӯъ аз 12 июни соли 1994 аз рӯзи қабули Эъломияи истиқлолияти РСФСР, ки 4 сол қабл, дар рӯзи 12 июни соли 1990 қабул гардида буд, ҳамсола таҷлил карда мешавад.
Бино ба маълумоти шаҳрдорӣ дар ин рӯз беш аз 20 ҳазор меҳмон аз шаҳрҳои назди Маскав омада, ҳамчунин ширкати беш аз 10 ҳазор ҷавонони Маскав низ дар назар аст. Ҳамчунин, дар ин рӯз як қатор озмунҳои бахшида ба ин рӯз эълоншуда ҳам ҷамъбаст хоханд гашт. Бино ба гуфтаи Людмила Шветсова муовини мири Маскав, шаҳрдорӣ ба масоили мустаҳкамии оила дар ҷомеа аҳамияти ҷиддӣ медиҳад ва аз ҳама чорабинии муҳим, ин ҷамъбасти озмуни «Оилаи москвагӣ» («Московсая семя») мебошад. Дар ин рӯз ғолибони ин озмунро роҳхати истироҳати оилавӣ ба кишварои хориҷ интизор аст, -хулоса кард Людмила Шветсова.