Ҷумҳурии Беларус муҳоҷирони тоҷикро интизор аст
Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикхориҷакор» -и Хадамоти муҳоҷирати кишвар шаҳрвандони Тоҷикистонро барои сафарбар намудан ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳри Мински ҷумҳурии Беларус даъват менамояд.
Тавре аз Хадамоти муҳоҷират ба Озодагон иттилоъ доданд, шаҳрвандон аз рӯйи ихтисосҳои устои хиштчин, андовагар, рангуборчӣ, кафшергари барқию газӣ, бетончӣ, роҳсоз ва сафолакчин метавонанд тариқи «Тоҷикхориҷакор» ба Беларус ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намоянд: «Маош вобаста аз ҳаҷми кори иҷрошуда. Роҳкиро , ҷойи хоб, иҷозатномаи корӣ ва бақайдгирӣ аз ҳисоби корфармо». Ҳоҳишмандон метавонанд бо телефонҳои зерин: 225 - 05- 75; 225-07-89; 917-45-90-40, 915-08-30-30 дар тамос шаванд.