Рамзи Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ интихоб мешавад
Дар шимоли кишвар озмуни вижа аз сӯи райиси вилояти Суғд эълон гардид. Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии ҳукумати ин минтақа иттилоъ доданд, зимнан Қоҳир Расулзода, райиси вилояти Суғд, барои рамзи беҳтарини 20-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) қарори марбутаро ба имзо расонид.
Гуфта мешавад, ин озмун бо ҳадафи дарёфти беҳтарин пешниҳод доир ба рамзи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидат ба таҷлили бошукӯҳи ҷашни 20-солагии он мебошад.Мавриди зикр аст, ки лоиҳаҳои рамз моҳҳои июн – июли соли 2011 қабул гардида, моҳи августи соли 2011 озмун гузаронида мешавад. Рамзҳои пешниҳодгардидаро комиссияи озмун баҳогузорӣ мекунад ва ғолибони он бо мукофотҳои пулӣ ва диплом сарфароз хоҳанд шуд. Ёдрас менамоем, Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии ҶТ моҳи ноябри соли 1992 дар қасри Арбоби Хуҷанд баргузор гардида, Эмомалӣ Раҳмон ба симмати райиси Шӯрои Олӣ аз сӯи вакилон интихоб гардид.{jathumbnail off}