Чин ҳамоно бузургтарин сармоягузори иқтисодии Тоҷикистон боқӣ мемонад
Саҳми ҳукумати Тоҷикистон дар лоиҳаҳои давлатии сармоягузории татбиқшаванда дар кишвар ҳамагӣ 7,5 фоизро ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои расмӣ, ин омор ҳатто нисбати ҳаҷми грантҳои истифодашаванда дар Тоҷикистон қариб 5 маротиба камтар аст. Ба иттилои Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар кишвар асосан аз ҳисоби маблағҳои қарзӣ амалӣ мешаванд. Саҳми қарзҳо дар татбиқи лоиҳаҳои давлатии Тоҷикистон, ба ҳолати моҳи июли соли ҷорӣ 56,7 фоизро ташкил медиҳад. Ҳиссаи маблағҳои грантӣ ба 33,7 фоиз баробар шудаст.
Дар ҳамин ҳол, шумораи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии татбиқшаванда дар Тоҷикистонро масъулини Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба ҳолати 1 –уми июли соли ҷорӣ 60 адад арзёбӣ мекунанд, ки маблағи умумии онҳо 1 миллиарду 934 миллион доллар, ё зиёда аз 9 миллиарду 200 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ин лоиҳаҳо 12 соҳаи гуногуни иқтисодиётро фаро гирифта аз ҷониби 20 манбаъ маблағгузорӣ мешаванд.
Роҳбарияти Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар миёни 20 манбаи сармоягузори лоиҳаҳои Тоҷикистон калонтаринашонро Ҷумҳурии Халқии Хитой, Бонки рушди Осиё, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд ва ҳукумати Тоҷикистонро номбар кард.