Дар шимоли кишвар «Ёшлар», «Тошкент» ва «Спорт» тамошо мекунанд
Дар ноҳияи Спитамен пурсиши афкори умум доир карда шуд ва фаъолияти ҳукумати маҳаллӣ ҷиҳати беҳдошти кори васоити ахбори умум мавриди омӯзиш қарор гирифт.
Тавре ба хабаргузории Озодагон аз ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ доданд, мақсад аз гузаронидани пурсиш муайян намудани мушкилоти ҷомеа, муносибати мардум нисбат ба фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, дигар масъалаҳои доғи рўз-тақсимот ва истифодаи замин, таъминот бо оби нӯшокиву полезӣ ва ғайра буданд. Ба пурсиш табақаҳои гуногуни аҳолии ноҳия ҷалб ва дар маҷмӯъ 900 нафар пурсида шуданд.
Манбаъ афзуд, ин пажӯҳиш нишон дод, ки аз масъалаҳои муҳиму ташвишовар дар ноҳия- таъмирталабии роҳҳои дохили ноҳия; вазъи беморхонаи деҳаи Куркат; маркази таҳсилоти иловагӣ ва мактаб – парваришгоҳ; кинотеатри «Пахтакор»; таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокиву полезӣ; нарасидани таҷҳизотҳо барои кӯмаки аввалия, омӯзгорони синфҳои тоҷикӣ, фанҳои забони давлативу хориҷӣ, кимиёву биология ва омодагии дифои ҳарбиву тарбияи ҷисмонӣ; дар ҳолати садамавӣ қарор доштани клуб ва китобхонаи деҳаи Тағояк; ба охир расонидани сохтмони мактаби №20; бунёди синфхонаҳои иловагӣ дар мактабҳои №№3, 9, 22; пул дар шоҳроҳи Хуҷанд - Зафаробод (дар деҳаи Куркат) ва фароҳамсозии ҷойҳои корӣ ба шумор мераванд.
Зимнан, рӯшан гардид, ки фарогирии аҳолӣ бо барномаҳои шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон – 99,37 %; «Сафина» ва «Баҳористон» - 96,90%; «Ҷаҳоннамо» ва «ТВ - Суғд» - 81,19%; барномаҳои 1,2 ва 3 – юми радиои ҷумҳурӣ - 100 %; барномаҳои радиои «Фарҳанг» - 82,64% буда, барномаҳои радиои вилоят дар ҳадди 76,89% дастрас аст.Ба сокинони ҷамоатҳои Фармонқӯрғон ва Тағояк барномаҳои телевизионҳои «Ҷаҳоннамо ва «ТВ-Суғд» дастрас нест.
Дар ҳамин ҳол, ба қаламрави ноҳия тавассути 10 басомади радиотелевизионӣ 8 шабакаи телевизион («Ӯзбакистон», «Ёшлар», «ТВ - Марказ», «Тошкент», «Спорт»…) ва 19 шабакаи радиои Ӯзбакистон, 2 шабакаи телевизион ва ду шабакаи радиои Қирғизистон пахш мешаванд.