Аз 1-уми сентябр бензини Русия боз 52 доллар қимат мешавад
Тибқи ҳисобҳои Вазорати молияи Русия ин кишвар сар аз 1-уми сентябр боҷи содиротиро барои як тонна нафти хом 17 фоиз қиммат карда, аз 336 доллари мавҷуда то 394 доллар барои як тонна боло хоҳад бурд.
Далели афзоишро масъулини Русия болоравии нархи нафт мегӯянд, ки тайи як моҳи охир дар ҷаҳон сурат гирифтаст. Ба иттилои таҳлилгарони Вазорати молияи Русия нархи миёнаи як баррел нафт аз 15-уми июн то 15-уми август ба 108 доллари амрикоӣ баробар буд. Дар ҳоле, ки моҳи гузашта ин нишондод 95 долларро сари ҳар бушка ташкил медод.
Ҳамин тариқ, интиқолдиҳандагони бензин ба Тоҷикистон сар аз якуми сентябр барои ҳар тонна 354,4 доллар боҷи содиротӣ мепардозанд, ки нисбати нишондоди моҳи равон 52 доллар қимматтар аст. Ҳаҷми боҷи содиротӣ барои маҳсулоти рӯшани нафтии дигар дар ҳаҷми 260 доллар сари ҳар тонна муайян хоҳад шуд, ки нисбати моҳи ҷорӣ наздики 40 доллари амрикоӣ бештар аст.
Ёдрас менамоем, Русия боҷи содиротиро моҳи майи соли 2010-ум ба далели аъзо набудан дар Иттиҳоди гумрукӣ барои Тоҷикистон дар ҳаҷми 203 доллари амрикоӣ ҷорӣ намуда, тайи соли гузашта ҳаҷми онро то 415 доллари амрикоӣ боло бурда буд. Ҳаҷми боҷи содиротии Русия яке аз омилҳои асосии ташаккулдиҳандаи нархи сӯзишворӣ дар бозори Тоҷикистон маҳсуб ёфта, афзоиши он ҷаҳиши нархро дар Тоҷикистон ба бор меорад. Тайи моҳҳои май, июн, июл ва август ҳаҷми боҷи содиротии Русия рӯй ба коҳиш ниҳода буд.Ҳоло бошад, нархҳо дар бозори сӯзишворӣ муътадил буда, айни ҳол як литр сӯзишвории навъи АИ 92 ба ивази 6 сомонӣ ва АИ 95 бо нархи 6 сомонию 70 дирам дар фурӯш аст.