Гуфта мешавад, дар доираи ҷаласаи мазкур тарафҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи марбут ба соҳаҳои тиҷорату иқтисод, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёту коммуникатсия ва фарҳангро баррасӣ намуда, оид ба натиҷаҳои он ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расониданд.Ҷонибҳо таъкид карданд, ки ҷиҳати таҳкиму тавсеаи минбаъда ва боз ҳам фарогиртар гардонидани муносибатҳо аз тамоми имконот ва иқтидори мавҷуда истифода намуда, баҳри идомаи чунин раванди мусбати равобити гуногунҷанба кӯшиши бештар хоҳанд кард.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ҳошияи ҷаласаи зикргардида президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов роҳбари ҳайати Тоҷикистон Гул Шералиро ба ҳузур пазируфт.Дар ин мулоқот сафири Тоҷикистон дар Туркманистон Абдураҳим Ашӯр низ ширкат дошт.{jathumbnail off}