Ин ҳодиса дар рӯзи иди Фитр рух додааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Вазорати мудофиаи кишвар, рӯзи якшанбеи 19 августи соли ҷорӣ тақрибан соатҳои 10-00 ҳавопаймои ЯК-52-и Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суқут кардааст: «Сониҳаи фоҷиабор дар фурудгоҳи ҳарбии Айнӣ, дар шашкилометрии ғарби пойтахти Тоҷикистон зимни парвози таълимию нақшавӣ сар зад, ки дар натиҷа ду сарнишини он капитан Сӯҳроб Бойпочоев ва капитан Алексей Кошелев ба ҳалокат расиданд».
Ба иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир як комисияи махсус таъсис шуда ва он сабаби садамаро мавриди омӯзиш қарор додааст.