Ҳушдори президенти Венесуела ба Британияи Кабир
Эквадор дар қароргоҳи дипломатиаш дар Лондон ба Ҷулиан Асанҷ, муассиси сомонаи «WikiLeaks» паноҳгоҳ додааст.
Бо таваҷҷӯҳ ба ин Британия Кабир иброз доштааст, ки намегузорад, Асанҷ аз кишвар хориҷ шавад ва масъулияти қонунии худро иҷро намуда, ӯро ба Шветсия таслим мекунад. Ин дар ҳолест, ки Уго Чавес, президенти Венесуела ба мақомоти Бритонияи Кабир ҳушдор додааст, ки дар сурати ҳабс шудани Ҷулиан Асанҷ дар ҳудуди сафорати Эквадор вокуниш нишон медиҳад: «Даврони имперуторӣ, ки ҳар кореро, ки кишварҳои абарқудрат мехостанд, анҷом медоданд, ба поён расидааст».
Оқои Чавес афзудааст, ки агар мақомоти қудратии Британия ба амали зӯроварӣ алайҳи Ассанҷ иқдом намоянд, пас онҳо бояд бо Венесуела сарукор гиранд.
Маврид ба ёдоварист, Уго Чавес яке аз дӯстони наздик ва деринаи президенти Эквадор- Рафаэл мебошад.