Маҳфили ёдбуд ба хотири Ҷумъаи Толиб. Дар Испағни Айнӣ
Рӯзи 21-уми август дар зодгоҳи марҳум маъракаи солгарди даргузашти ӯ(маросими сол) баргузор мешавад.
Пайвандону ақрабои Ҷумъаи Толиб зимнан аз дӯстону шогирдон ва ҷумла ҳамкорону ҳамтоёни ӯ даъват кардаанд, ки ба ин маърака ташриф биёранд ва бо ҳузури хеш арвоҳи раҳматиро шод намоянд.
Муассиси ҳафтаномаи «Пайкон», ҳуқуқшинос ва журналисти варзида -Ҷумъабой Толибов (Ҷумъаи Толиб) рӯзи 19-уми ноябр дар деҳаи Испағни ноҳияи Айнӣ аз дунё гузашт. Марҳум тайи як соли ахир аз бемории саратон дар ноҳияи сараш ранҷ мебурд ва бар асари ҳамин беморӣ дар синни 51-солагӣ ин дунёро падруд гуфт.
Ӯ 25-уми январи соли 1960 дар деҳаи Испағни ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1979 мебошад.
Солҳои 1984 то 1994 дар нашрияи «Меҳнат»-и ноҳияи Айнӣ ба ҳайси мусаҳҳеҳ, мухбир ва мудири шӯъба кор кардааст. Сипас, як сол сармуҳаррири газетаи «Нури ҳақ»-и ноҳияи Айнӣ буд. Солҳои 1995-1998 раиси хоҷагии деҳқонии «Авсанъан» ва аз соли 1998 то 2004 мудири шӯъбаи ҳуқуқи ҳукумати ноҳияи Айнӣ буд.
Дар соли 2005 пас аз нашри чанд мақолаи интиқодиаш алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шуд ва 26-уми июли ҳамон сол Ҷумъаи Толибро ба ду соли маҳбас ҳукм карданд. Бо талоши вакилони дифоъ ва мушовирони ҳуқуқӣ, инчунин ҳамраъйии журналистон ва эътирози созмонҳои дохилӣ ва ҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқи инсон ва озодии матбуот дар 16-уми декабри соли 2005 Ҷумъа аз зиндон озод шуд. Солҳои охир Ҷумъаи Толиб раҳбари Дафтари мушовара, пажӯҳиши лингвистӣ ва таҳқиқоти журналистӣ ва ҳам сардабири ҳафтаномаи “Пайкон” буд.
Гуфтанист, баҳсҳои зиёди додгоҳӣ ва мушкилоти нашрия ва инчунин баста шудани созмони ӯ, ки муассиси ҳафтаномаи “Пайкон” буд, сабаб гардид, ки журналисти саршинос на танҳо аз кори дӯстдошта, балки аз саломатияш низ маҳрум гардад