Мавзуна Чориева ба Кӯлоб нарафт. Чаро?
Имрӯз, 17-уми август, дорандаи медали биринҷии олимпиадаи Лондон-2012 Мавзуна Чориева бояд ба зодгоҳаш- шаҳри Кӯлоб меомад.
Аммо ба иттилои аз ҳукумати шаҳри Кӯлоб расида, хонум Чориева, ки ҳамагӣ ду рӯз пеш аз Лондон баргашт ва ягона варзишгари медалдор мипёни олимпичиёни имсолаи тоҷик аст, бо сабаби номаълум омаданашро ба Кӯлоб мавқуф гузошт.
Хабарнигори маҳаллии Озодагон мегӯяд, ин дар ҳолест, ки ҳазорон нафар ҳаводорони Мавзуна аз баромади ӯдар озмуни байналмиллалӣ рӯҳбаланд гардидаву аксарият, ки бо ӯ аз наздик шиносу ҳамнишин будаанд, аз субҳи рӯз дар назди дарвозаи шаҳри Кӯлоб гирд омада, муштоқи вохӯрӣ буданд. Тахмин меравад, ки Мавзунаи Чориеваро ҳанӯз дар пойтахти кишвар то ба охир қадрдонӣ накардаанд ва мулоқотҳои ӯ дар Душанбе идома доранд.
Тибқи иттилоъ, вохӯрии ӯ бо ҳамшаҳриҳояш фардо сурат хоҳад гирифт. Дар ин маросим ҳукумати шаҳри Кӯлоб тасмим дорад барои Мавзуна як хонаи 5 ҳуҷрадор тақдим намуда, ҳамчунин соҳибкорони маҳаллӣ низ барояш тӯҳфа омода кардаанд.