Кашфу мусодираи беш аз 50 кило маводи нашъадор дар ҷануби кишвар
Дар пайи амалиёти кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон миқдори зиёди маводи мухадирот дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Тавре ба хабаргузории Озодагон аз ВКД иттилоъ доданд, зимни ин амалиёт Неъматулло Шарипови 24-сола, сокини ҷамоати деҳоти Шӯрообод, деҳаи Урсиҳо бо гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи мухаддир дастгир карда шуд.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 2 адад борхалта, ки дар дохилашон 50 килою 200 грамм маводи нашъадори «бангдона» дошт, дарёфт ва мусодира карда шуд.
Феълан, нисбати Неъматулло Шарипов парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад