Баррасии лоиҳаи Кодекси андоз. Дар Шӯрои МН
Имрӯз 17-уми август дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, ин санад мавриди муҳокимаи аъзоён қарор гирифт.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар дар Шӯро зикр шуд, ки Кодекси мазкур муносибатҳоро оид ба муқаррар намудан, тағйир додан, бекор кардан, ҳисоб ва пардохт намудани андозҳо, инчунин муносибатҳои байни давлат ва андозсупорандаро (агенти андозро) вобаста ба иҷрои ӯҳдадориҳои андоз танзим менамояд.Таъкид гардид, ки муносибатҳо вобаста ба ситонидани боҷҳои гумрукӣ, андозҳо аз молҳо ва воситаҳои нақлиёти тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолёбанда бо Кодекси мазкур ва қонунгузории гумрукӣ ба танзим дароварда мешаванд.
Ҳамзамон, дар Шӯро лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи боҷи давлатӣ» ва масъала Дар бораи ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба ҳимояи манфиатҳои истеҳсолкунандагони фонограммаҳо аз истифодаи ғайриқонунии фонограммаҳои онҳо мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд.