Вешисту Косатароши Панҷакент дар арафаи ид тӯҳфа гирифтанд
Кӯпруки деҳаи Вешисти ҷамоати деҳоти Ёрӣ, ки дар натиҷаи офати табиӣ аз байн рафта буд, бо маблағгузории Вазорати нақлиёт, ки он беш аз 1 миллион сомониро ташкил медод, таъмиру таҷдид шуд.
Корҳои сохтмониро дар кӯпруки Вешист кормандони муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр ба иҷро расонидаанд. Хабарнигори Озодагон иттилоъ медиҳад, ки барқарорсозии кӯпруки деҳаи Косатарош дар роҳи Сӯфиён-Шинг мушкилоти зиёда аз 40 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷамоатҳои деҳоти Косатарош, Шинг, Моғиён ва Фаробро, ки дар зиёда аз 39 деҳа зиндагӣ доранд, осон намуд.
Бояд гуфт, ки ин кӯпрук ҳам бо маблағҳои вазорати нақлиёт ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Панҷакент барқарор карда шуда, сохтмончиёни ҶСК «Асл» ба маблағи 962 ҳазору 645 сомонӣ корҳоро ба иҷро расонидаанд.