Садама: Дар Ғончӣ ва Душанбе ҷони одамонро рабуд
Дар ду сониҳаи нақлиётӣ, ки рӯзи гузашта рух доданд, ду нафар ба ҳалокат расиданд.
Тавре аз РБДА ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, тахминан соати 14:30 –и 16-уми август ронандаи «Хундай Старекс» Мирзохолиқ Комилов, аснои ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди деҳаи Сурхоби ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Ғончии вилояти Суғд идораи воситаи нақлиётро аз даст дода, ноболиғ Акмал Собирови 2- соларо пахш мекунад. Дар натиҷа, ҷабрдидаи ноболиғ аз ҷароҳати вазнини гирифтааш дар маҳалли ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Ба ҳамин монанд, соати 21:15 сарнишини «Опел Астра» Равшанҷон Искандарови 39-сола, аснои ҳаракат дар кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт пиёдагарди шахсияташ номаълум, милаташ тоҷик, тахминан 45-50 соларо пахш мекунад, ки ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.