Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз Аврупо идома дорад
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо гертсоги бузурги Люксембург, ҳамзамон нахуствазири ин кишвар Жан Клод Юнкер мулоқот кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуотии райисҷумҳур, ҷаноби Раҳмонро дар ин сафар ҳайати баландпоя ва дигар шахсони расмии ҳукумати Тоҷикистон ҳамроҳӣ карданд.Пас аз анҷоми мулоқот бо нахуствазири Люксембург, нишасти ӯ бо раиси палатаи вакилони Люксембург шурӯъ гардид.Зимнан, дар ин мулоқотҳо масоили марбут ба рушди минбаъдаи муносибатҳои ду кишвар, инчунин масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Гуфта мешавад,ҷонибҳо як қатор созишномаҳои дуҷониба, аз ҷумла, созишнома оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата, оид ба хизматрасониҳои ҳавоӣ, ёддошти ҳусни тафоҳум, инчунин созишнома оид ба ҳамкорӣ байни палатаҳои савдои Люксембург ва Тоҷикистонро ба имзо расонида, эъломияи муштарак низ қабул карданд. Боздиди расмии Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамроҳони ӯ аз кишварҳои аврупоӣ, пас аз дидору гуфтугӯи ӯ бо роҳбарони ҷумҳурии Маҷористон рӯзи 12-уми июн ба анҷом мерасад.{jathumbnail off}