Истиқбол аз Мавзуна Чориева дар фурудгоҳи пойтахт
Шаби гузашта дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе аъзои тими олимпии Тоҷикистонро, ки аз Бозиҳои олимпии Лондон баргашт, беш аз ҳазор мухлис пешвоз гирифтанд.
Бештари ҳаводорон иброз доштанд, ки ба хотири истиқболи ягона барандаи медали олимпӣ- Мавзуна Чориева дар ин нимашаб ба фурудгоҳ омадаанд. Ин муштзани 19-сола танҳо варзишгари тоҷик аз байни 16 узви ҳайъати олимпии Тоҷикистон аст, ки аз Лондон бо медал баргашт. Ӯ дар сабқати бокси занона дар вазни то 60 кило сазовори нишони биринҷӣ шуд.
Маврид ба тазаккур аст, ки ҳукумати кишвар ба Мавзуна Чориева 200 000 сомонӣ, ҶС “Ориёнбонк” – мошини “Лексус” ва ҲНИТ манзили ду ҳуҷрагӣ дар Душанбе ваъда кардаанд.