Боздошти қочоқчӣ дар Душанбе. Бо 5 кило нашъа
Дар пайи як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милиса дар ноҳияи Сино маводи мухаддир кашфу мусодира гардид.
Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, зимни ин амалиёт Ориф Давлатназарови 45- сола, сокини кӯҷаи Ҳазораи ноҳияи Синои пойтахт бо гумони нашъаҷаллобӣ дастгир шуд. Тибқи иттилоъ, аснои кофтукови шахсӣ аз дохили борхалтаи номбурда маводи нашъадори навъи «афюн», вазнаш 5 килою 520 грамм дарёфт ва мусодира карда шуда, айни ҳол ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.
Манбаъ инчунин афзуд, Ориф Давлатназаров қаблан бо моддаи 200, қисми 4 кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз озодӣ маҳрум шуда буд.