Раиси вилояти Суғд ба Қирғизистон рафт
Қохир Расулзода дар доираи ҳамкориҳои дӯстона бо вилоятҳои ҳамсоякишвар ба он ҷо сафар кард.
Ин сафар бо даъвати роҳбарияти маъмурияти давлатӣ ба вилояти Бодкент сурат пазируфт. Тавре ба хабарнигори маҳаллии Озодагон дар ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар ин сафар Қоҳир Расулзодаро шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд. Аснои боздид масоили марбут ба ҳаёти сиёсӣ ва ҳам иқтисодиву иҷтимоӣ, масъалаҳои марзӣ ва робитаҳои фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Ёдрас менамоем, дар ҷаласаи охирини намояндагони байниҳукуматии Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон , ки санаҳои 16-17 июни соли равон дар шаҳри Бишкек баргузор шуда буд, ҳамкориҳои вилояти Суғд ва вилояти Бодкент ҳамчун намунаи ҳамкориҳои самаранок тавсиф гардида буд.