Имрӯз агар маоши вазифавии муаллими тахассуси дараҷаи олӣ ба ҳисоби миёна 312 сомониро ташкил диҳад, пас аз 1 сентябри соли ҷорӣ он ба 500 сомонӣ баробар мегардад.
Дар ин бора дар тавзеҳот ба фармони президенти кишвар, ки онро имрӯз хадамоти матбуотии райисҷумҳур ба нашр расонд, омадааст. Тибқи ин санад ва дар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон маоши вазифавии корманди маъмурии хона-интернатҳо барои маъюбону пиронсолон бошад, аз 520 сомонӣ ба 830 сомонӣ расонида мешавад.
Музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ ба андозаи 40 фоиз зиёд карда шуда, он аз рӯи Дастурамал оиди пардохти музди меҳнати соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. Андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи мазкур 157 сомонӣ муқаррар карда шудааст. Ҳоло ин нишондиҳанда ба 112 сомонӣ баробар аст.
Тафсилоти бештарро аз ин нишонӣ пайдо мекунед: https://www.ozodagon.com/ms/item/16579