Сониҳа дар Маскав бойиси марги як ҳамватани мо гашт
Дар минтақаи маъмурии шарқии Маскав ду нафар ҳамшаҳриҳои мо гирифтори садамаи нақлиётӣ гардиданд.
Гуфта мешавад, дар пайи ин сониҳа яке аз онҳо фавтидааст.Бино ба маълумоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ ин ду нафар зодагони минтақаи Рашт будаанд.Садама дар минақаи Лефортово,кӯчаи «5-ум Кабелний» рух дода, Махмадкарим Давлатов ҳангоми интиқол ба бемористон мефавтад ва вазъи Хайрулло Аминовро табибон мӯътадил арзёбӣ кардаанд.
Кумитаи тафтишоти ноҳияи Лефортово аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз карда, тафтишотро идома медиҳад.
Дар ин бора хабарнигори масковии Озодагон иттилоъ дод