Сониҳаи нақлиётӣ дар роҳи Айнӣ-Мастчоҳ ду кушта бар ҷой гузошт
Дар ин бора ба хабарнигори маҳаллии Озодагон дар РКД-и вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Тибқи хабари сарчашма, рӯзи гузашта ронандаи автомашинаи тамғаи «Муссо», Ниёзи Сиёвуши 21-сола, сокини деҳаи Вешаби Айнӣ (донишҷӯи бахши 3-юми Донишгоҳи металлургии ш.Чкалов) ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди Айнӣ-Мастчоҳ дар километри 41,7-ум дар ҳудуди мавзеи «Шахрота»-и деҳаи Вешаб аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст. Зимнан, нақлиёти таҳти идораи ӯ ба ҷарии баландиаш 150-метр чаппа шудааст.
Дар натиҷа, ронанда ва мусофири автомашина Мирмаҳмедов Саидалии 29-сола, сокини ҳамин русто, мутахассиси маркази дастгирии ҷамоати деҳоти Шамтуч ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.