Оташсӯзӣ дар «Ҳоҷиён». Хисорот беш аз 600.000 сомонӣ
Сӯхтор дар ин маркази савдои хусусӣ, воқеъ дар кӯчаи Борбад 4-и шаҳри Ваҳдат ҳудуди 619. 200 сомонӣ зарар овард.
Тавре ба хабаргузории Озодагон дар ВКД-и Тоҷикистон иттилоъ доданд, шаби 13- августи соли равон 03:48 дақиқа дар Маркази савдои хусусии «Ҳоҷиён», воқеъ дар кӯчаи Борбад 4-и шаҳри Ваҳдат сӯхтор ба амал омад.
Ба қавли манбаъ, пас аз қабули бонги хатар фавран ба ҷойи ҳодиса 5 мошини оташнишонӣ аз шаҳрҳои Ваҳдат ва Душанбе сафарбар карда шуданд. Ҳангоми ба ҷойи ҳодиса расидани оташнишонон, сӯхтор аллакай дар масоҳати 360 метри мураббаъ, 3 адад мағоза ва 1 ошхонаро фаро гирифта, хатари ба дигар нуқтаҳои савдову иншоотҳо паҳншавии алангаи оташро ба миён оварда буд.
Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ–наҷотдиҳӣ ба оташнишонон муяссар гашт, ки ба зудӣ сӯхторро иҳота намуда, онро дар соати 05:55 дақиқаи субҳ ба пуррагӣ хомӯш намоянд. Дар рафти гузаронидани амалиёт аз тарафи оташнишонон ба маблағи 400 000 сомонӣ нуқтаҳои савдо ва молу мулки соҳибкорон аз нобудшавӣ эмин дошта шуд. Дар ҷойи ҳодиса роҳбарият ВКД, СХДО ВКД, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва дигар Хадамоту мақомотҳои дахлдор ҳузур доштанд.
Феълан нисбати ҳодисаи ба амал омода тафтишот бурда мешавад. Сабаб ва гунаҳгор муайян карда хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, ки Маркази савдои хусусии «Ҳоҷиён» ба соҳибмулк Сайдалӣ Ёрови 58-сола тааллуқ дошта, онро ба соҳибкорони алоҳида ба иҷора додааст.