Ҷабрдидаҳо: Назди президент додхоҳӣ меравем
Шикояти касатсионӣ аз болои қазияи Ҷӯрабек Охунов, роҳбари собиқи ширкати «Мовароуннаҳр», ки мебоист имрӯз дар Додгоҳи олӣ мавриди баррасӣ қарор мегирифт, ба 4-уми сентябр ба таъхир гузошта шуд.
Ҷабрдидагон, ки беш аз 100 нафарро ташкил медоданд, феълан дар ҳавлии Суди олӣ ҷамъ омада ва аз тасмими таъхири баррасии шикояти касатсионӣ изҳори нигаронӣ кардаанд. Онҳо иддао доранд, ки худи ҳамин рӯз ба президенти кишвар шикоят мебаранд.
Як нафар аз ҷабрдидаҳо, ки ҳудуди 90 ҳазор долларро ба ширкати «Мовароуннаҳр» барои гирифтани хона пардохт кардааст, дар сӯҳбат ба хабарнигори Озодагон гуфт: «Мақсад аз ин ҷо омадани мо ин аст, ки ин навбат қазияи мазкур тарзе ҳал шавад, ки ба нафъи мардум бошад».
Ёдрас менамоем, Ҷӯрабек Охунов, раҳбари ширкати сохтмонии «Мовароуннаҳр» моҳи октябри соли 2010 боздошт шуда, мурофиаи додгоҳии ӯ моҳи августи соли 2011 дар Додгоҳи олии Тоҷикистон оғоз ёфт. Ӯ бо иттиҳоми қаллобӣ, тиҷорати ғайриқонунӣ ва бо роҳи фиреб азхуд кардани маблағҳои мизоҷон дастгир шуда буд. Ҳукми номбурда аз сӯи Додгоҳи олӣ эълом шуд ва тибқи он Охунов ба 14 соли зиндон ва мусодираи молу мулк маҳкум гардид. Аз се як ҳиссаи ин мӯҳлат мувофиқи Қонуни афв кам гардида, замони адои ҷазои айбдоршуда аз таърихи бозошти ӯ, яъне ноябри соли 2010 ҳисоб карда мешавад. Бар асоси ин, Охунов 7 солу 8 моҳи дигар дар ҳабс боқӣ мемонад.