Шири гов 30% қиммат шуд
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, тайи як соли охир дар бозорҳои кишвар болоравии арзиши шири гов мушоҳида мешавад. Аз ҷумла дар муқоиса бо нархҳои моҳи августи соли гузашта, як литр шир 33 дар сад қимматтар шудааст.
Тавре ба хабаргузории Озодагон аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо иттилоъ доданд, айни ҳол ба ҳисоби миёна нархи як литр шир дар дуконҳои ширфурӯшии бозорҳо 4 сомонию 40 дирам аст. Моҳи августи соли гузашта он ҳамагӣ 3 сомонӣ буд.
Манбаъ таъкид кард, ки шири аз ҳама арзон дар бозори «Варзоб» буда, арзиши он 4 сомонию 20 дирамро ташкил медиҳад. Дар бозори «Шоҳмансур» як литр шир 4 сомонию 40 дирам будааст. «Нархи аз ҳама гарони як литр шир дар бозорҳои «Саховат»-у «Деҳқон» мушоҳида шуд, ки ба 4 сомонию 50 дирам мерасад»,-афзуд манбаъ.