«Хабари Турк»: 40 низомии Туркия дар марзи Сурия боздошт шуд
Аъзои созмонҳои мардуми вобаста ба кумитаҳои халқи Курди Сурия 40 низомии Туркияро, ки аз марз вориди хоки он кишвар шуданд, боздошт карданд,-иттилоъ медиҳад хабаргузории «Хабари Турк».
Манбаъ менависад, гурӯҳҳои ҳифозати мардумӣ, ки яке аз кумитаҳои мардумист ва тақрибан як сол қабл барои ҳимоят аз сокинони курди Сурия дар муқобили террористҳо ташкил шудааст, эълом карда, ки ин афрод талош мекарданд барои мухолифони Сурия аслиҳа қочоқ кунанд. Пойгоҳи иттилоотии «Xабар Пресс»-и Лубнон низ эълом кард, ки афроди вобаста ба курдҳо дар Сурия 40 низомии Туркияро дастгир кардаанд, вале ба навиштаи рӯзномаи «Милият»-и Туркия, Вазорати хориҷаи Туркия хабари боздошти низомиёнаш дар хоки Сурияро рад кардааст.
Аз ин қабл шабакаи хабарии «Ал-Маёдин» ва бархе аз манобеи сурӣ ба нақл аз мақомоти амниятӣ дар Ҳалаби Сурия эълом карданд, ки артиши Сурия дар даргириҳои рӯзи гузашта 8 хориҷиро боздошт карда аст, ки яке аз онҳо генерали Туркия аст.
Соли гузашта низ манобeи Туркия, аз ҷумла нашрияи «Иденли»-и ин кишвар навишта буд, ки 40 афсари Туркия дар чандин навбат дар Сурия боздошт шуда ва то кунун талошҳои Aнқaрa барои озод кардани онҳо ноком монда аст.