Т.Айёмбеков: «Ба хотири сулҳу субот худро ба мақомот таслим мекунам»
Толиб Айёмбеков, полковники раёсати марзбонии КДАМ, ки дар қатли генерал Абдулло Назаров гумонбар дониста мешавад, худро ба мақомот таслим намудааст.
Дар ин бора оҷонсии иттилоотии «Ховар» иттилоъ медиҳад. Тибқи ин хабар, сарҳанг Айёмбеков дар ин маврид дар телевизиони маҳаллӣ суханронӣ карда гуфтааст, ки ба хотири «сулҳу субот ва амнияти сартосарӣ» ин тасмимро гирифтааст.
Маврид ба тазаккур аст, ки Толиб Айёмбеков, маъруф ба "Толиб-командир", полковники марзбон аз КДАМ то шоми 21-уми июл зердасти генерал–майор Абдулло Назаров, сарвари Раёсати КДАМ дар Бадахшон буд.
Ду рӯз қабл аз ин ҳам, пас аз баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, профилактикӣ ва фаҳмондадиҳӣ вобаста ба куштори сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ВМКБ генерал-майор Назаров Абдулло ду нафар гумонбарони ин куштор ихтиёран худро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориданд. Оқил Айёмбеков - бародари Толиб Айёмбеков ва Ҳамза Гулназар - ронандаи ӯ дар пайи музокироти намояндагони давлат ва раҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳ бо миёнҷигарии гурӯҳи 20-нафарӣ худро ба мақомот таслим намуда буданд.