Заминҷунбии шадид дар Озарбойҷони Эрон
Бар асари як заминларзаи шадид дар шаҳри Табрези вилояти Озорбойҷони Шимолии Эрон дастикам 259 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 2000 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.
Бино ба маълумоти шабакаи телевизионии Эрон Press TV дар давоми рӯзи шанбе ду заминларзаи шадид ба қайд расидааст, ки яке мутобиқи ҷадвали Рихтер 6, 3 ва дигаре 6,4 баллро ташкил додааст. Маркази заминларза аз шаҳри Табрез 60 ва 49 км дуртар будааст.
Заминларзаро мардумони шаҳрҳои Оҳар, Ҳоррис ва Варзакон эҳсос карда, дар як шаҳри Варзакон беш аз 12 минтақаи аҳолинишин пурра тахриб шудааст. Бино ба маълумоти хабаргузориҳои форсӣ дар минтақаҳои офатзада корҳои наҷотдиҳӣ идома доранд.
Ҳамчунин ҷунбиши замин дар кишвари Озорбойҷону Арманистон низ ба қайд расидааст. Эрон яке аз 10 кишвари аз заминларза осебпазири дунё маҳсуб мешавад ва соли 2003 бар асари як заминларзаи шадид шаҳри Бам пурра тахриб шуда беш аз 26 ҳазор нафар ҷони худро бохта буданд.