Бино ба гуфтаи ин манбаъ дар як қатор навоҳии вилоёти узбакнишини Ӯш ва Ҷалолобод варақаҳои тарғиботӣ ва навиштаҷоти иғвобарангез ошкор шудаанд. Аммо Алимбеков нагуфтааст, ки мӯҳтавои ин варақаву навиштаҳо ба кадом гурӯҳҳои миллӣ равона шудаанд.
Ёдовар мешавем, маҳз як сол пеш дар моҳи июни соли 2010 дар вилоёти Ӯш ва Ҷалолободи Қирғизистон бархӯрд миёни намояндагони миллати узбак ва қирғиз сурат гирифта, беш аз 400 нафарро кушта ва беш аз ҳазор нафарро бо ҷароҳатҳо ба ҷой гузошта буд. Ҳамчунин, беш аз ним миллион узбакҳои ин минтақа аз маҳалли зисти худ иҷборан фирор карда буданд.
Коршиносон ҳадс мезананд, ки ташаннуҷи авзоъ аз камфаъолиятии ҳукумати Қирғизистон дар ҳалли масоили иҷтимоӣ ва бар асари мавҷуд будани миқдори зиёди силоҳ дар дасти мардум мебошад, ки дар замони ин бархӯрд тақсим гардида буд.