Кишоварзони пахтакор имтиёзи андозӣ мегиранд
Тибқи иттилои масъулини Кумитаи андоз дар Кодекси нав, ки аз соли оянда мавриди амал қарор мегирад, кишоварзони пахтакор имтиёзи андозӣ хоҳанд дошт.
Ба иттилои манбаъ, агар андоз аз ҳар гектар замин ба 220 сомонӣ баробар бошад, кишоварзони пахтакор 50 фоизи ин маблағ, барои ҳар гектар 110 сомонӣ пардохт хоҳанд кард.
Пахта баробари алюминий яке аз маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, яке аз таъминкунандаи иқтисодиёт бо асъори хориҷӣ мебошад. Имсол дар Тоҷикистон дар майдони 210 ҳазор гектар пахта кишт шуда, дар назар аст, 420 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ гардад.
Соли гузашта ҳам дар кишвар майдони кишти пахта ҳудуди 210 ҳазор гектарро ташкил дода, аз он 412 ҳазор тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ шуда буд.