Хадамоти зиддиинҳисорӣ «бахилбизнес»-и муассисаҳои тиббиро хотима бахшид
Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон фурӯши пойпӯшҳои гигиении яккарата (бахил)-ро, ки дар бештари муасисаҳои тиббӣ ҳар маротибаи дохилшавӣ ба беморону аёдаткунандаҳо ба ивази як сомонӣ фурӯхта мешуд, хотима бахшидаст.
Ба гуфтаи масъулини Хадамот бо назардошти хароҷоти аслии таҷҳизот, пойпӯши гигиении истифодабарии яккарата ва иловапулии 16 фоизаи савдо, нархи як ҷуфт пойпӯш ҳамагӣ 0,5 сомониро ташкил медиҳад. Дар ҳоле, ки дар аксари муассисаҳо ба ивази як сомонӣ фурӯхта мешуд.
Манбаи хабар мегӯяд, бо мақсади аз байн бурдани ситондани маблағ аз аёдаткунандаҳо ва беморон дар муассисаҳои тиббӣ, ба Вазорати тандурустии кишвар пешниҳод шуд, ки ҳангоми ҳисоб намудани хароҷоти хизматрасонии тиббӣ, арзиши пойпӯшҳои гигиенӣ ҳам дар арзиши аслии кор ва хизматрасонӣ ба ҳисоб гирифта шуда, ба истеъмолкунандагон пойпӯшҳои зикршуда тариқи ройгон пешниҳод шаванд.
Дар маҷмӯъ масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ таъкид мекунанд, ки пайваста нархи хизмати тиббие, ки дар муассисаҳои тиббӣ, махсусан, хусусӣ расонда мешавад, зери назорат қарор медиҳанд. Аз ҷумла, давоми нимсолаи аввал нархномаи хизматрасониҳои пулакии 126 муассисаи тиббии хусусӣ мавриди таҳлил қарор гирифта, нархномаи 119 тои он ба мувофиқа расонда шудааст.