Боз як варзишгари тоҷик бидуни медал ба Ватан меояд
Фарҳод Неъматов, варзишгари тоҷик, ки чанд лаҳза пештар дар қисмати 1/8 финалии сабқати таэквондои Бозиҳои олимпии Лондон-2012 вориди рақобат шуд, ноком гардид.
Фарҳод Неъматов дар вазни то 80 кило бо Лутало Муҳаммад, намояндаи Бритониёи Кабир қувваозмоӣ карда бо ҳисоби 7:1 шикаст хӯрд.
Ёдовар мешавем, то имрӯз 11 варзишгари тоҷик дар Лондон-2012 ҳунарнамоӣ карда, 10 нафари онҳо ноком шуданд. Сергей Бабиков (тирандозӣ), Собирҷон Назаров, Ҷаҳон Қурбонов, Анвар Юнусов (бокс), Расул Боқиев, Парвиз Собиров (дзюдо), Катерина Измайлова (шиноварӣ), Дилшод Назаров (гурзандозӣ) ва Владислава Овчаренко (давидан) аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд. Танҳо Мавзуна Чориева дар намуди муштзанӣ миёни бонувон ба дарёфти нишони биринҷии Бозиҳои 30-юми олимпӣ мушарраф гардид.
Ҳоло панҷ намояндаи дигари Тоҷикистон барои медалҳои олимпӣ мубориза хоҳанд кард. Имрӯз, 10-уми август, соати 17:00 (ба вақти Душанбе) Николай Ноев дар намуди гуштии озод рақобат мекунад. Фардо, 11-уми август Алишер Гулов (таэквондо) ва Юсуф Абдусаломов (гуштии озод) вориди рақобатҳо мешаванд. Ду паҳлавони дигари тоҷик Зелимхон Юсуфов ва Искандари Рустам, ки дар намуди гуштии озод ҳунарнамоӣ мекунанд, рӯзи 12-уми август ба майдон хоҳанд баромад.